БАҲОДИҲӢ БА ҲУҶҶАТГУЗОРИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОБИ ТОЗА”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ячейкаи асосӣ ва моҳияти асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ба хотири беҳтар намудани рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оби тоза” Зулфов Муҳаммадҷон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз рафти он дидан намуд. Илова бар ин, барои инъикоси дастовардҳо дар сомонаи Кумита, пешниҳоди андешаву вокунишҳо аз ҷониби кормандон ва масъалаҳои ҷорӣ суҳбат намуданд.