ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ШАҲОДАТ АЗ МАЪРИФАТИ БАЛАНДИ ШАҲРВАНДИСТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар қитъаи замин наздиҳавлигӣ самаранок истифода шуда, заминдорон талош меварзанд, ки аз як замин ду-се ҳосил ба даст биёранд.

Дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб сокинон ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм мегузоранд. Корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз заминҳои хоҷагии деҳқонӣ дидан намуда, онҳоро ба меҳнати софдилона дилгарм сохтанд. Заминдорон низ дар навбати худ ваъда доданд, ки баъди бардоштани ҳосил боз ба коркарди замин машғул шуда, ба ин васила мехоҳанд аввалан талаботи  бозорҳои дохилиро таъмин  намоянд.