НАТИҶАГИРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “И. СОМОНӢ №3”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “И. Сомонӣ № 3” маҷлис баргузор гардид. Зимни баргузории маҷлис ҳисоботи роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “И.Сомонӣ № 3” Воҳидова Рафоат  шунида шуд ва қарорҳои дахлдор оид ба рафти кори ташкилот қабул карда шуд.

Сипас, аз тарафи масъулин оид ба тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ дар ташкилот маслиҳатҳои муфид дода шуд.