ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКОНРО БА ҲАМ ОВАРД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ниҳолпарвар” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ бо иштироки мудири бахши омори ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саидов Умар роҳандозӣ гардид.

Дар ин чорабинии сиёсӣ Саидов Умар баромад намуда, иброз дошт. Давлати тоҷикон 32-сол аст, ки соҳибистиқлол аст ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон ҳам соҳибистиқлолии моро эътироф намуданд. Истиқлолият тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Бояд фаромуш накард, ки мо истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро бо заҳмату талош ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат ба даст овардаем, аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, то ин неъмати бебаҳоро ҳифз ва ба мисли гавҳараки чашм нигоҳ  дорад.

Месазад гуфт, ки дар баробари  заҳмату кушишҳои  роҳбарияти давлату Ҳукумат ва хусусан, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории сулҳ ва суботи комил ҳама якҷоя кушиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки нохалафе ормии давлати моро халалдор созад.

Бояд қайд намоям, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ниҳолпарвар” дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб гулу гулбуттаҳо шинонида, дар дигар созандагиву ободӣ меҳнати содиқона намуда истодаанд.