ДАР ОБОДИИ ДИЁР САҲМГУЗОРЕМ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи корҳои ободонӣ бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи ғадудҳои даруна” дар гирду атрофи бинои муассиса шанбегии дастаҷамъона доир гардид. Дар ҷараёни ҳашари мазкур гирду атрофи муассиса тозаю озода гардонида шуд. Зимнан ёдрас шудан ба маврид аст, ки тозаю зебову назаррабо гардонидани ҳудуди шаҳр аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ марҳила ба марҳила идома хоҳанд ёфт.