СОАТИ СИЁСӢ ДАР КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Кабиров Сунатулло соати сиёсӣ гузаронида шуд.Дар соати сиёсӣ муовини раис, мудирони шуъба ва кормандони масъули ҳизбӣ иштирок намуданд. Зимни баромад Кабиров Сунатулло дар назди ҳозирин ахбороти муфассал пешниҳод намуд. Дар охир аз ҷониби иштирокчиён бо мақсади мубодилаи афкор ба баромадкунанда суолҳо пешниҳод карда шуд.