СОАТИ СИЁСӢ ДАР КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби мутахассиси шуъбаи кор бо кадрҳои  КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Қурбонова Малоҳат соати сиёсӣ гузаронида шуд. Дар соати сиёсӣ муовини раис, мудирони шуъба ва кормандони масъули ҳизбӣ иштирок намуданд. Зимни баромад  Қурбонова Малоҳат  дар назди ҳозирин ахбороти муфассал оид ба корҳои дохилиҳизбӣ пешниҳод намуд.

Дар охир аз ҷониби иштирокчиён бо мақсади мубодилаи афкор ба баромадкунанда суолҳо пешниҳод карда шуд.