ҲИЗБИЁНИ КӮЛОБ ДАР ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ САҲМ МЕГУЗОРАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои ободонӣ ва созандагӣ мунтазам ҷараён доранд. Дар ин росто, бо мақсади амалисозии чунин иқдомҳои созанда дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гимназия” ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби таълимӣ барои хонандагон корҳои таъмирӣ бо маром идома доранд.

Бояд гуфт, ки дар рафти корҳои ободонӣ саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии болозикр назаррас мебошад.