Шанбегӣ дар тиҳ “Саодат”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани ҳудуди ташкилоту муассисаҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои маркази шаҳр, гулгашту майдонҳо дар назди ташкилоти ибтидоии “Саодат” бо иштироки аҳли кормадон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид. . Зимни баргузории чорабинии мазкур корҳои ободонии зиёде ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, замини ҳавлии муассиса, ки бар асари сармои шадиди моҳи январи соли 2023 баамаломада сармозада ва фарсуда шуда буд, бетонрезӣ карда шуд. Ҳамзамон, деворҳои атрофи муассиса рангу бор карда шуда, бехи гулу буттаҳо аз алафҳои бегона тоза карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузор намудани чунин шанбегиҳои дастаҷамъона тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани ҳудуди шаҳр ба ҳисоб меравад. Тасмим аст, ки ин иқдом ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе гузаронида шавад.