БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ МИНТАҚА”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати тандурустии минтақа” бо иштироки Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Кӯлоб –Саймуминзода Фирӯз ва Ғаюров Садриддин – муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маҷлис баргузор гардид. 

Сараввал муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  Ғаюров Садриддин доир ба фаъолияти самарабахш ва ҳамкории судманд бо КИ ҲХДТ дар ш. Кӯлоб сухан гуфта, қайд кард,ки ТИ РТМК дар ҳамаи чорабиниҳо фаъолона иштирок менамояд.

Вобаста ба масъалаи  дигари рӯзнома Саймуминзода Фирӯз ба сухан баромада, доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ҳуҷатгузории ташкилоти ҳизбӣ,  аҳамиятнокӣ ба сатҳу сифати аъзои ҳизб ва ҷиддиятнокии хоса дар баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ  ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ маслиҳатҳои судманд доданд.