БА НИЗОМ ДАРОВАРДАНИ ҲУҶҶАТГУЗОРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Ташкилотҳои ибтидоӣ асоси фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ба ҳамин хотир, тибқи нақшаи корӣ кормандони масъули ҳизб ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ сафарбар карда шуда, дар доираи масъалаҳои ҷорӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Шоева Дилноза – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз рафти ҳуҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТТҲС”-и шаҳрӣ дидан намуда, оид ба бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид доданд.