АНҶОМИ АМАЛҲОИ НЕКУ СОЗАНДА ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар доираи корҳои ободонӣ бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи сироятӣ”  дар сойи Тебалай аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар рафти аксия 8 км сой аз партовҳои гуногун, алафҳои худрӯйи хушкшуда тоза карда шуда, ба миқдори  5 м3 партовҳо ба партовгоҳи марказӣ бурда ва безарар гардонида шуданд.

Инчунин, дар ин раванд бо аҳоли оид ба самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, аҳамият ва арзишнокии масъалаи таъминот бо оби тозаи ошомиданӣ ва бо ин васила ноил гардидан ба рушди устувор ва пешравии соҳаҳои хочагии халқ суҳбат гузаронида шуд.

Зимнан ёдрас шудан ба маврид аст, ки тозаю зебову назаррабо  гардонидани ҳудуди шаҳр аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ марҳила ба марҳила идома хоҳанд ёфт.