ШАНБЕГӢ ДАР ШОҲРОҲ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Чинор» баҳри таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани ҳудуди ташкилоту муассисаҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо дар шоҳроҳи ҳудуди деҳаи Чинори ҷ/д Даҳана шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузор намудани чунин шанбегиҳои дастаҷамъона, ки тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани ҳудуди шаҳр бахшида ба истиқболи ҷашнҳои дар пешистода ба ҳисоб меравад.