АКСИЯҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ МЕШАВАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ташаббусҳои ҳизбиро миёни сокинон пайваста ташвиқу тарғиб менамоянд. Ин аст, ки тамоми ташаббусҳои ҳизбӣ дар Кӯлобшаҳри бостонӣ марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодаанд.

Аксияи ҳизбии “Мактаби ман” аз ҷониби коллективи омӯгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ба номи Сафаров С. шаҳри Кӯлоб ҷонибдорӣ гардида, дар амал тадбиқ карда шуд. Таҳти роҳбарии сарвари кордон Ҳакимзода Қадамшоҳ аҳли омӯзгорон қисмати дохилии биноро таъмир намуда, ба рангу бори беруни муассиса машғуланд. Боварӣ дорем, ки дар муддати кутоҳтарин муассиса пурра ба соли нави таҳсил омода мегардад.