БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАДАДГОР” 

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мададгор” бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ, кор бо кадрҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Кӯлоб -Таварзода Азизҷон ва Сабуров Зуҳуршоҳ - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маҷлис баргузор гардид. 

Сараввал  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  Сабуров Зуҳуршоҳ доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар муддати шашмоҳаи аввали соли 2023 дар назди ҳозирин ҳисобот пешниҳод намуда, вазифаҳои ташкилотро барои давраҳои минбаъда муайяну мушаххас карданд.

Вобаста ба масъалаи  дигари рӯзнома Таварзода Азизҷон ба сухан баромада, доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ҳуҷатгузории ташкилоти ҳизбӣ,  аҳамиятнокӣ ба сатҳу сифати аъзои ҳизб ва ҷиддиятнокии хоса дар баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

 

1