АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛЗАНИ ҲИЗБӢ ШАХСОНИ НИЁЗМАНД БА КӮМАК ФАРО ГИРИФТА ШУДАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ва фаъолони ҳизбӣ табақаи ниёезманди ҷомеа пайваста мавриди дастгирӣ қарор дода мешаванд.

Ин навбат бо ибтикори Одинаева Ситора - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб дар арафаи иди Қурбон ва 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба оилаҳои ниёзманд кӯмак расонид шуд. Кӯмакҳои ин вакилзан маводҳои яквақтаинаи ғизоиро ташкил медод. Ҳамзамон, бо дархости як нафар маъюб, ки ҳунари дӯзандагӣ дорад, барои пешбурди ҳунараш ва ба ин васила таъмини зиндагии хеш дастгоҳи дӯзандагӣ ҳадя карда шуд.

Зимни аёдат шодии шахсони эҳтиёҷманд канор надошта, ба ин вакилзан барои иқдомҳои доимии некашон аз ҷониби нафарони дастгириёфта изҳори қаноатмандӣ гардида, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳоро орзу намуданд.