БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” имзо гардид ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муждаи шодӣ ба Ватан баргаштанд. Дар фурудгоҳи пойтахт Сарвари маҳбуби худро аҳолии Душанбе, зиёиён ва ходимони давлатӣ бо як шукӯҳу шаҳомат ва муҳаббати хосса пешвоз гирифтанд. Маросими пешвозгирии мазкур, ки дар он аҳолии ҳамаи минтақаҳои кишвар иштирок намуданд, аллакай гувоҳӣ аз ташнаи меҳру муҳаббат ва муттаҳидӣ будани мардуми кишвар медод. Сарвари давлат ин рӯзро ҳамчун рӯзи сарнавиштсози миллат ба таърих муҳр намуданд ва онро Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон намуданд. Чуноне Сарвари давлат таъкид карданд: “Маҳз Ваҳдати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоду демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи Ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро ба сӯи оянда муайян созем. Зеро ба фармудаи ниёгони бузургамон тавонои ва хушбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати он вобаста мебошад”.

Пас аз ваҳдати сартосарӣ дар мамлакат бо мақсади таҳкими пояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва арзишҳои он ҳамасола “Корвони ваҳдат” баргузор карда мешуд. Дар ҷараёни он аҳолии минтақаҳои гуногун аз минтақаҳои якдигар дидан намуда, барои таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва якдиливу ягонагии миллат талош менамуданд. Пас аз ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ҷомеаи Тоҷикистон дастаҷамъона ба сӯйи ободу шукуфон гардонидани кишвари азизамон тамоми саъю кӯшиши худро равона намуданд. Давоми 26 - соли Ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳазорҳо бинову иншооти маишӣ сохта ба истифода дода шуд ва сатҳи иҷтимоии аҳолии кишвар нисбат ба солҳои пеш чандин маротиба болотар рафт. Имрӯз Тоҷикистон дар минтақа дар баробари ҳамаи кишварҳои дигар аз ҷумлаи кишварҳои рӯ ба инкишоф ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати амният аз амнтарин кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Ҳамаи ин ободиву шукуфоӣ ва якдилии минтақаҳои кишвар натиҷаи Ваҳдати миллӣ ва заҳмату талоши пайдарпайи Пешвои азизу маҳбуби кишвар мебошад. Аз ин ҷост, ки пиру ҷавони мамлакатро зарур аст, то тамоми имконоту иқтидори мавҷударо барои ҳифзи арзишҳои Истиқлолу озодӣ ва Ваҳдати миллӣ равона созанд ва дар бунёди ояндаи босуботи мамлакат ҳиссаи боризи худро бигузоранд. Дар замони муосир, ки ҳар лаҳза хатарҳои сартосарӣ баҳри нооромии кишварҳои паҳн мегардад, вазифадорем, то Ваҳдати миллиро ҳамчун яке аз дастовардҳои бисёр нодир ва бузургӣ халқамон ҳифзу эҳтиёт намоем ва тамоми саъю талоши худро барои таҳким ва решадор шудани он равона созем.

Аёдат ва расонидани кӯмаки молиявӣ, шаҳодатномаи таваллуд ба оилаи ниёзманд аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хонаи Бахт" Марям Саймуминзода Саймуминзода, мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, роҳбари ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шаҳри Кӯлоб Дилноза Шоева