СУЛҲУ ВАҲДАТ-БАХТИ МИЛЛАТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

СУЛҲУ ВАҲДАТ-БАХТИ МИЛЛАТ

Ваҳдати милли ин якдилӣ ва якпорчагии давлати азизамон ба шумор рафта, сарнавишти Тоҷикистон ва ояндаи халқи тоҷикро муайян месозад. Дар рӯзномаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ рӯзноманигорон ва шаҳрвандони касбу кори гуногун фикру андешаҳои худро оиди Ваҳдати миллӣ ва нақши ваҳдат дар пешрафти илму фарҳанг, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ба таври васеъ баён сохтаанд.

Субҳи имрӯзи пурнакҳат, пур аз шодию сурур,ки ҳамаи ин аз шарофати Ваҳдати миллист китобдорони Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб дар арафаи ин ҷашни миллӣ ба ҳашари дастҷамъона баромада дар ободу зебо гардонидани гирду атрофи бинои Китобхона саҳми босазои худро гузоштаанд.