ИҚДОМИ НАВБАТИИ ХАЙРИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба дастгирии ниёзмандон ва шахсони имконияташон маҳдуд бахшида ба 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби фаъолони ҳизб роҳандозӣ гардида истодааст.

Вобаста ба ин бо ибтикори роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо масъулини Филиали Раёсати сохтмони асосии минтақаи Кӯлоб ба як қатор оилаҳои ниёзманд ва шахсони имконияташон маҳдуд кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки ин иқдом ҳусни анъана гирифтааст ва доимо аз ҷониби ҳизбиён ба ниёзмандон дар рӯзҳои ид ва дигар ҷашнҳо, кӯмакҳои моддӣ расонида мешаванд.