СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳадафи аслии ҳизби мо ҷалби мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ,таҳкими сулҳу субот ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошад. Дар ин росто, дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ ҳизби мо ва аъзою ҷонибдорони онро лозим аст,ки дар масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва давлатӣ ҳушёру зирак ва дастёри мақомоти дахлдори давлатӣ бошем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешгоми ҷамъият дар сафҳои худ қувваи бузурги созандаеро муттаҳид намудааст,ки метавонад дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми беназир гузорад.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ як зумра ташаббусҳои созанда рӯйи кор омада, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сатҳи зиндагии сокинони кишвар беҳбудӣ ёфта истодааст.

Дар ин замина дар дехаи Мирнишини чамоати дехоти Даханаи шаҳри Кӯлоб аз тарафи соҳибкор Сироҷов Асадулло ва мардуми деха корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома дорад.