АРВОҲИ ГУЗАШТАГОНИ ХУД ШОД КУНЕМ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

АРВОҲИ ГУЗАШТАГОНИ ХУД ШОД КУНЕМ

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мардуми кишварамон дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳо аз озодии эътиқоди динӣ низ пурра баҳравар буда, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамасола иди мубораки Қурбон дар радифи ҷашнҳои бузурги милливу давлатиамон – Рӯзи истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Конститутсияи мамлакат ва Наврӯз таҷлил карда мешавад.

Худованди меҳрубон иди Қурбонро барои мусулмонон рӯзи имтиҳону озмоиш қарор додааст, ки инсон саҳифаҳои сарнавишти худро варақгардон намуда, аъмоли хешро дар мизони адлу инсоф бармекашад. Муҳимтар аз ҳама, арзишҳои баланди мактаби одамият ва ғояҳои олии фарҳанги умумиинсониро ба мардум таблиғу ташвиқ менамояд.

Ислом, ки адаб ва панду насиҳат аст, ҳамаи пайравони онро мебояд дар ташаккули ахлоқи ҳамидаи ҷомеа саҳм бигиранд, зеро баровардани ҳоҷати ниёзмандон, ҳалли мушкилоти онҳо ва раҳо бахшидан аз душвориҳо, дур сохтани ғаму андӯҳ ва шоду хурсанд намудани бепарасторон аз ҷумлаи воҷибтарин амалҳост. Дар ҳадиси набавӣ омадааст: «Беҳтарин садақа он аст, ки бар ниёзманд расонида шавад».

Вазифаи муқаддаси ҳар як фарди мусулмон пеш аз ҳама одамонро ба дӯстию рафоқат, ҳамдилӣ, роҳнамоӣ ба меҳнати ҳалол, созандагию ободкорӣ ва анҷом додани дигар амалҳои хайр ташвиқ намудан аст.

Ба муносибати таҷлили сазовори Иди Қурбон ва арҷгузорӣ ба руҳу арвоҳи гузаштагон дар оромгоҳҳои шаҳри Кӯлоб корҳои поксозӣ рафта истодааст.

Сокинони маҳаллаи Фирдавсии шаҳри Кӯлоб якҷо бо омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 оромгоҳи маҳаллаи худро тозаву озода намуданд.