ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ғамхорӣ кардан ва пайваста кумаку дасти ёрӣ дароз намудан ба қишри ниёзманди аҳолӣ, махсусан, маъюбону барҷомондагон, шахсони камбизоат, ятимон ва оилаҳои муҳтоҷ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Бо мақсади кумак ва дастгирӣ намудани ин қишри аҳолӣ дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҳар иду айёмҳои миллӣ афроди маъюбу барҷомонда, камбизоат, ятим ва беморон аёдат ва аҳволпурсӣ карда шуда, дар ҳаққи эшон ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Хурсандиовар аст, ки имрӯзҳо ин анъана дар шаҳри Кӯлоб ба одати муқаррарӣ табдил ёфтааст ва ҳамарӯза аз ҷониби роҳбарияти шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ руйи даст гирифта мешавад. Мардони баору номуси шаҳри Кӯлоби бостонӣ дар доираи имкониятҳои худ ба ҳамватанон дасти кӯмак дароз мекунанд.

Аёдати сокини шаҳри Кӯлоб маҳаллаи Шамсиддин Шоҳин Баротова Муқаддас аз ҷониби муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунавваршо