ДАСТРАСИИ НАФАҚАИ ҲИЗБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси бандҳои 4,13 ва 4,23 Оиномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва талаботи банди 3,1 Барномаи пешазинтихоботи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар асоси шартнома “Оид ба ҳамкорӣ дар корҳои хайриявӣ миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо фармоиши Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 31.03.2020, №30 тасдиқ гардида буд, нафақаи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуд, ки он ба табақаҳои ниёзмандон, маъюбони гуруҳи якум дастрас гардид.

Санаи 1-уми июни соли ҷорӣ нафақаи ҳизбӣ ба шахсони эҳтиёҷманд дастрас карда шуданд. Дар навбати худ эҳтиёҷмандон изҳори сипоси худро ба роҳбарияти олии кишвар ва Раисии муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайвастаашон нисбати шахсони ниёзманд расонид.