СОХТА БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ИНШООТҲОИ ГИГИЕНӢ БО УСУЛИ ДРЕНАЖӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар шаҳри Кӯлоб иншоотҳои гигиенӣ - ҳоҷатхона ва ҷойҳои дастшӯйи бо усули дренажӣ сохта ба истифода дода шуд.

Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб миёни аҳолӣ корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ оиди азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, муассисаву корхонаҳо, меҳмонхонаву шоҳроҳҳо баргузор карда мешавад.

Ташаббуси роҳандозинамудаи ҳизбиёнро сокинони шаҳр иқдоми саривақтӣ дониста, дар сохтмону азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ дар шаҳру деҳот саҳми хешро хоҳанд гузошт.