Иқдоми неки роҳбарияти Коллеҷи омӯзгорӣ дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ҳамин рӯз ва дар партави сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд ва табақаи камбизоат, роҳбарияти Коллеҷи омӯзгории назди Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба кӯдакони Шуъбаи бачагонаи табобатӣ-профилактикии Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сили №2-и шаҳри Кӯлоб ва фарзандони ду корманди муассиса туҳфаҳои хотирмон ва маводи ғизоӣ кумак карданд.

Латофат Одиназода, директори коллеҷ бо ҳамроҳи масъулини дигари муассиса ба Шуъбаи бачагонаи табобатӣ-профилактикии Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сили №2 шаҳри Кӯлоб рафта, аз ҳоли кӯдакон хабар гирифтанд. Бо кӯдакон суҳбат ороста, шириниҳо ва маводҳои ғизоиро ба онҳо тақдим намуданд. Маводҳои кумакрасонида иборат аз картошка, пиёз, равған, орд ва халтачаҳои шириниҳо буданд. Кӯдакон бо гирифтани туҳфаҳо хушҳолӣ мекарданду шеър мехонданд.

Тибқи иттилои Исроил Акбаров бародари калони тиббии ин шуъба, дар Шуъбаи бачагонаи табобатӣ-профилактикӣ 16 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоате, ки волидонашон гирифтори бемории силанд, нигоҳубин мешаванд. Ду нафар аз ин кӯдакон ятими кулланд. 16 нафар кӯдакони аз 1 то 6 сола то 6 моҳ дар ин муассиса парасторӣ мешаванд.

Масъулини ин муассиса ҷиҳати дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз тарафи садорати Коллеҷи омӯзгорӣ ғамхорӣ кардан ба кӯдакон миннатдории худро баён доштанд.

Роҳбарияти коллеҷ ҳамчунин ба хонаҳои Миралӣ Нуров ва Хонума Шамсова, ду корманди коллеҷ, ки бо амри тақдир фарзандонашон беморанд, рафтанд. Бо фарзандони эшон ва аҳли хонаводаи онҳо суҳбат оростанд ва ҳамчунин туҳфаҳои хотирмон ва маводҳои ғизоӣ ҳадя карданд. Мушоҳида шуд, ки аҳли оилаи кормандон аз ин иқдом хеле хушнуданд.

Ба гуфтаи директори коллеҷ Латофат Одиназода, ин иқдом аввалину охирин набуда, онҳо дар назди худ мақсад гузоштаанд, то дар ҳар иду ҷашн ба оилаҳои ниёзманд ва худи кормандони муассиса кумакҳои худро расонанд.

“Пайк”