КӮДАКОНРО ҒАМХОРӢ МЕБОЯД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Барои оне ки фарзанд ба пайраҳаи дуруст қадам ниҳаду ояндаи хешро дурахшон гардонад, дар баробари хондани сабақҳои устодони мактаб дар хона низ падару модар ва дигар калонсолони хонавода ба кӯдак кор кунанд. Ба ҷуз дарсҳо, боз ҷаҳони маънавии ӯро ғанӣ гардонанд, ба дили фарзандон шавқи мутолиаи китобро ҷой диҳанд. Баъди кор агарчи хаста ҳам бошанд, бо фарзандон якҷоя дарс тайёр кунанд, оид ба дарсҳо суҳбат ва саволу ҷавоб доир кунанд.

Ба ақидаи олимон кӯдак қобилияти ақлониро аз волидон ба мерос мегирад, чи қадаре кӯдакон закӣ бошанд, ҳамон қадар қобилияти зеҳнии кӯдак бештар мешудааст. Кӯдаконе ки ба зеҳну қобилияяти нодории хеш ном баровардаанд, дар ҷаҳон хело зиёданд.

Беҳтарин роҳ ҳавасманд намудани кӯдак аст. Агар кӯдакро ҳавасманд насозему табъи ӯро болида нагардонем,якрангӣ ба кӯдак гаронӣ меораду вазифаи дар пеш гузошташуда барояш дилбазан мешавад. Китобдорони Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб дар Боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Кӯлоб барои шод намудани кӯдакон ба онҳо тӯҳфа тақдим намуданд.