БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мусаллам аст, ки ҳамасола дар тамоми дунё ва аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ санаи 1-уми июн ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳуҷҷати муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак – Конвенсия соли 1989 аз ҷониби СММ қабул карда шуд, ки ин гувоҳи он аст ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар навбати худ баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ нисбат ба насли хурдсол аҳамияти махсус дода, барои онҳо тамоми шароитҳои беҳтаринро муҳайё месозад. Зеро кӯдакон барои дилхоҳ мамлакат захираҳои хеле муҳим ва ояндаи давлат ба ҳисоб мераванд.

Махсусан, имрӯзҳо бо дастгириии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ даҳҳо иншоотҳои наву замонавӣ, яъне кӯдакистонҳо, марказҳои истироҳатию фароғатӣ ва боғу гулгаштҳо бунёд мегарданд, ки ҳамаи ин ба ҷаҳони зебоипарастии кӯдак ва ҳамчун инсони комил ба воя расидани онҳо таъсири мусбии худро хоҳанд расонид.