КӮДАКОН-ДУРИ НАСУФТА

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 1 июн ҳамасола дар кишвар ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.

Кӯдакон чун категорияи аз нигоҳи иҷтимоӣ ба ҳимоя эҳтиёҷманд маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, зоҳир намудани ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо яке аз вазифаҳои асосии давлат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳони муосир баҳри ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак тамоми заминаҳои зарурии ҳуқуқиро фароҳам оварда, ҷиҳати таълиму тарбияи дуруст ва дар шароити мусоид ба камол расидани онҳо тадбирҳои судманд меандешад.

Тақдими туҳфаҳои хотиравӣ ба тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак