АЁДАТИ КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо пайравӣ аз ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори МИҲД-и вилояти Хатлон, ҳамзамон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуд ба роҳ монда шуд. Зимни аёдат ба ин оилаҳо маводҳои хӯрокаи яквақтаина ва ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Оилаҳои аёдатшудагон аз чунин иқдомҳо руҳбаланд гардида, миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати чунин дастгириҳои бевосита баён намуданд.