КОРИ ЗАН ЗОДАНИ ШАМШЕРЗАН АСТ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

КОРИ ЗАН ЗОДАНИ ШАМШЕРЗАН АСТ!

Ман Шарипова Одинамо, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, декани факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошам.

Имрӯз бо амри дил ва супориши Ватан фарзандамро баъд аз хатми донишгоҳ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудам.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханрониашон таъкид доштанд: “Бе муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ инсоният пеш рафта наметавонад”. Аз ин рӯ, бояд муттаҳид бошем ва барои ҳифзи ин хоки муқаддас мардонавор хизмат намоем.

Тасмими ихтиёран ба аскарӣ рафтанаш хеле хушҳолам намуд. Оре, комилан мутмаинам, ки ғуруру ҷавонмардӣ, нангу номуси ватандорӣ, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ аз сифатҳои волои инсонианд, ки дар рагу пайванд ва ирси шермардони ин Ватан аз волидони накӯном туғён дорад ва ин шуҷоату фарзонагӣ, моро ба қуллаҳои мақсуд мерасонад.

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит барои афсарону аскарони ҳарбиамон мунтазам беҳтар шуда истодааст ва боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот ва осмони мусафои кишварамон ҷавонмардон барои хизмат омода мебошанд.

Ман ба Шумо, ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлоии кишвар эътимоду боварии беандоза дорам ва айни ба мактаби мардонагиву шуҷоат сафарбар намуданатон ҳамагӣ даст ба дуо бардошта, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ, хушҳоливу фараҳмандии бардавом ва хизмати бошарафона таманно менамоям.

Модарона, таманнои онро дорам, ки аскарбачаҳои мо бо сари баланд хизматро адо намуда, ҳар рӯзи адои хизматашон пур аз шоистагиҳо гардаду аз артиш бароямон пайку навиди сипосу миннатдорӣ биёяд!

Аз ҳама модарони шуҷои ин миллат даъват ба амал меорам, ки бо дили пур ва ғурури тоҷикона шербачаҳояшонро барои ҳифзи ин хоки муқаддас раҳсипор кунанд. Ҳамчунон ки устод Аскар Ҳаким фармудаанд:

Нест шамшер задан кори зане,

Кори зан зодани шамшерзан аст.