БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ КӮДАКОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо пайравӣ аз ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори МИҲД-и вилояти Хатлон, ҳамзамон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба кӯмакгирандаи маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Кӯлоб Салимов Азамчон рахти хоб бо тамоми ҷиҳози лозимӣ тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки чунин иқдом мунтазам дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои миллию суннатӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳандозӣ карда мешавад.