БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №50

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

" Рисолати мо, ҳизбиён аз он иборат аст, ки ба истиқболи мардум равем, сухани онҳоро шунавем ва масъалаву мушкилоти мавҷударо дар доираи имкониятҳоямон ҳаллу фасл намоем. Яъне мо бояд бо ғояҳои созандаву ободгаронаи худ ба дили мардум роҳ ёбем ва нуфуз пайдо кунем. "

Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасони синни 16-18 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф, тибқи нақшаи муштарак байни сохторҳои ҲХДТ ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и шаҳри Кӯлоб “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои зерин гузаронида шуд:

1.Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон

2.Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон

3.Даъват ба хизмати ҳарбӣ. .