ҲИЗБИЁН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО БО ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС ИСТИҚБОЛ МЕГИРАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизбиён дар шаҳри Кӯлоб мунтазам дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳмгузорӣ намуда, дар заминаи чунин корҳои созанда кӯшиш менамоянд, ки ҷашни бузурги таърихӣ, яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ва бо натиҷаҳои назаррас истиқбол гиранд.

Дар робита ба ин, ҳизбиён - сокинони деҳаи Хоҷаисҳоқи ҷамоати деҳоти Зиракӣ дар рӯзҳои офтобӣ роҳҳои байни деҳаро сангфарш намуданд.

Бояд гуфт, сокинони бонангу номус ва шахсони саховатпешаи ин деҳа пайваста тариқи ҳашар ҳар гӯшаеро обод месозанд. То ин муддат, дар ин деҳа, бо дастгирии сокинон тариқи ҳашар корҳои зиёди созандагиву ободонӣ ба анҷом расонида шудааст.