ҶАВОНОН-ПАЙВАНДГАРИ ИМРӮЗУ ФАРДО

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ҶАВОНОН-ПАЙВАНДГАРИ ИМРӮЗУ ФАРДО

 “Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд”.  Эмомалӣ Раҳмон

Дар арсаи ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯз бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва дар ҳолати рушду тараққиёти босубот қарордошта, мешиносанду эътироф менамоянд, ки ин обруву эътибори кишварамон ба мо ҷавонон илҳоми тоза, нерӯву тавоноӣ ва умед ба фардои дурахшон мебахшад. Асри XXI бо фазои гуногун, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ мекунад. Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.   Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоева Дилноза,  муовини директор оид ба тарбия Юсупова Шаҳло, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан-2” мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷавонон-пайвандгари имрӯзу фардо” баргузор карда шуд, ки дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷавонон, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кор бо ҷавонон ва дигар масъалаҳои марбут ба он мавриди таҳлилу хулосабарорӣ қарор гирифт.  Аз ҷумла мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ қайд намуданд, ки: Мо – ҷавонон ба он демократияе ниёз дорем, ки манфиатҳои миллии моро дар худ пурра инъикос намояд. Арҷ ба он озодии сухан ва матбуоте мегузорем, ки бар зидди манфиатҳои миллии мо тарғибот нанамоянд, баръакс онҳоро дар худ инъикос намоянд.  Мо ба он васоити ахборе такя мекунем, ки бо мақсади ғаразнок ва иғвогароиву ҷудоандозӣ таъсис наёфта бошанд ва аз ҷониби гурӯҳҳо ва давлатҳои махсус маблағгузорию пуштибонӣ наёбанд. Дар ин ҷода мо – ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем. Манфиат ва зарари худро зуд дарк намуда, фирефта нашвем.  Имрӯз барои мо – ҷавонон мушкилтарин кору амал дар раванди бархурдҳои манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, ҳифз намудани манфиатҳои милливу умумидавлатии худ мебошад.  Шоева Дилноза-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар баромади иброз намуд, ки: Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки ба мо пайваста таъкид менамоянд, ки дар ин ҷаҳони пур аз таззоду рақобатҳои шадиди глобалӣ тақдири имрӯзу ояндаи худро дар даст доштан, Истиқлолияти комилу давлатдории миллиро ҳифз кардан ва дар ин замина, таъмин намудани амнияти кишвару ҷомеа, пуштибонӣ аз манфиатҳои давлату миллат, аз мову шумо иҷрои корҳои боз ҳам бузургро тақозо мекунад. Мо – ҷавонон хушбахт аз он ҳастем, ки давлати соҳибистиқлол дорем ва халқи эҷодгару бунёдкорамон таърихи навини худро бо дасти худ бунёд мекунад ва Ватани маҳбубамон пайваста обод мешавад. Ҳамеша талош ба он меварзем, ки сарзаминамон, таърихамон ва муқаддасоти халқу давлатамонро аз ҳамагуна таҳдидҳои ин ҷаҳони пурмоҷаро ва пурталотум солиму эмин нигоҳ дорем. Чунки Сарвари давлате дорем, ки ҳамеша ба мо – ҷавонон таваҷҷуҳи махсус доранд ва пайваста дастгирӣ менамоянд. Барои мо – ҷавонон суханҳои Пешвои миллат кифоя аст баҳри ҳифзи манфиатҳои миллиамон, ки иброз доштаанд: “Ман аз қадамҳои аввали худ ҳамчун Роҳбари давлат – худшиносии миллӣ, ҳисси ватанпарастиро ба сифати омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ менамоям. Аслан тамоми суханрониҳоям ҷанбаи худшиносии миллӣ доранд.”  Дар охир ба як қатор ҷавонони фаъол Сипосномаи директори ДТМИК дар фазои тантанавӣ супорида шуд.