ОСОРХОНА – ТАЪРИХИ ЗИНДАИ ҲАР МИЛЛАТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ОСОРХОНА – ТАЪРИХИ ЗИНДАИ ҲАР МИЛЛАТ

Осорхона таърихи зиндаи ҳар миллат буда, дар он таъриху фарҳанг, расму оин ва урфу одат ҳифз карда мешаванд. Халқи тоҷик дорои таъриху фарҳанги бою ғанӣ аст, аз ин рӯ, на танҳо дар пойтахти кишвар, балки дар ҳар як шаҳру навоҳии он осорхонаи таърихие вуҷуд дорад.

Халқе, ки ба гузаштааш арҷ мегузорад, халқе, ки ҳофизаи қавии таърихӣ дорад албатта Осорхона бунёд карда, таърихи аҷдодиашро ҷамъоварӣ мекунад.

Имрӯз осорхонаҳо инъикосгари таърих, фарҳанг ва дастовардҳои ҳар як халқу миллат буда, кишварҳои мутамаддин барои ҳифзи ёдгориҳо ва мероси ниёкони хеш осорхонаҳо бунёд менамоянд. Ҳамин аст, ки дар сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду ифтитоҳ намудани осорхонаҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷойгоҳи хоса дорад. Дар ин замина, шароити мусоиди муҳайёгардида ва дастгириҳои пайваста имкон фароҳам овардаанд, ки ин бахш рушд намояд.

Осорхонаҳо маконе ҳастанд, ки бо оғӯши пур аз осорашон ҳазорҳо тамошобинро ба канор мегиранд, ба ҳар кадом дониш ато мекунанд, мероси ниёконро ба онҳо муаррифӣ ва ба ояндаи дурахшони миллат дар заминаи осори дирӯзу имрӯз роҳнамоӣ менамоянд. Осорхонаҳо ба мо рӯҳияи нав ато мекунанд, зеро баробари ба забон овардани номи осорхона даврони гузашта, ашёи қадима ва дастоварду комёбиҳои фарзандони баруманди миллат пеши рӯ меояд. Дар навбати хеш, инҳо заминаи мусоиду муҳим барои дарки заҳмату талошҳо ва ҷонисориҳои ниёкон баҳри ояндаи дурахшон ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд.

Дар робита ба муҳиммияти нақши осорхонаҳо дар ҷомеаи муосир шурӯъ аз соли 1977 бо ташаббуси Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM) ҳамасола дар ҷаҳон 18-май ҳамчун Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо таҷлил карда мешавад.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо бо иштироки узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб сайри Муҷтамеи Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ташкил ва баргузор карда шуд.