ҲАДАФҲОИ БАРНОМАВИИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ ТАТБИҚ МЕГАРДАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ҲАДАФҲОИ БАРНОМАВИИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ ТАТБИҚ МЕГАРДАД

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 78- умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб имрӯз дар деҳаи Тудакафши ҷамоати деҳоти Кӯлоб сохтмони майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, аъзои ҲХДТ ва фаъолони деҳа оғоз гардид.

Мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб бо рӯҳияи баланди ватандорӣ, дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, созандагиву бунёдкорӣ, тозагиву хуррамгардониро мароми кору пайкорӣ худ гузоштаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, талошҳои пайгирона ва иқдомоти оқилонаи мардум дар робита ба амалӣ намудану пиёдагардонии нақшаву барномҳои бузурги созандагиву бунёдгаронаи ҲХДТ шаҳодат аз он аст, ки ин ҳизб, ҳизби созанда, бунёдкор, раиятпарвар ва дар умум ҳизби мардумист.

Ёдовар мешавем, ки иншооти мазкур то ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Инчунин, дар асоси нақшаи чорабиниҳои деҳаи Тудакафши шаҳи Кӯлоб зиёда аз 10 иншооти ҷашнӣ аз ҷониби аъзои фаъоли ҳизб ва сокинони деҳа ба нақша гирифта шудааст.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб