БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО АЪЗОИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО АЪЗОИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Куҳнашаҳр” вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд: Расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати “Модар-Ватан”, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ, созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”, расонидани талаботҳои озмуни “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2023”,тарғиби ҷойҳои кории холӣ дар НБО “Роғун”.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода ба сухан баромада, нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба саҳми ҳозирин хотиррасон намуданд. Ҳамзамон, ба ҷавонон таъкид намуданд, ки дар ҳифзу ҳимояи сарзамини худ ҳамеша омода бошанд. Аз саҳифаҳои рангини таърих медонем, ки аҷдодони мо бо ғурури ҷавонмардона, нанги ватандӯстона ҳудуди васеи маъмуриро соҳиб буданд. Имрӯз ҳарчанд аз он сарзамин як ё се дарсад ба мо мерос монда бошад ҳам, дар ҳифзу ҳимояи он пайваста кӯшиш намоем. Он неру ва қудрате, ки дар ташкилотҳои террористиву тундгаро баҳри несту нобуд гардонидани инсоният сарф мегарданд, дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ равона гарданд, дар даҳсолаи охир метавонем, ки Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳем. Маҳз бо меҳнати содиқонаву софдилона ва заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ дар якҷоягӣ метавонем, ки Ватани худро боз ҳам ободу зеботар намоем ва ба паст кардани сатҳи камбизоатии мардум ноил гардем. Инчунин, ба саҳми ҳозирин расониданд, ки тибқи роҳхати ҳизбӣ нафароне, ки ба ҷойи кор ниёз доранд, метавонанд, ки ба Неругоҳи барқии обии Роғун рафта, кору фаъолият намоянд.

Шарофат Худойдодзода-вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис андешаҳои худро иброз намуданд. 

Дар охир ба аъзои фаъоли ҲХДТ, ки дар татбиқи ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ саҳмгузорӣ намудаанд, сипосномаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб супорида шуд.