ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ ТАРҒИБ МЕШАВАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ ТАРҒИБ МЕШАВАНД

Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ёрии таъҷилӣ" вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем”, мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати “Ватан-Модар”, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ, пешгирии зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ёрии таъҷилӣ” Рустамова Латофат,  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд.

Нахуст ҳозирин қайд намуданд, ки самти асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст. Тоҷикистон сарзамини биҳиштосои мо ватани маҳбуби ҳар яки мост. Аз ҳудуди васеъе ки мо дар гузашта доштем, дар натиҷаи ҳамлаи аҷнабиён имрӯз танҳо 1%-и он дар ихтиёри мост. Дар таърихи давлатдорӣ мо зиёда аз 13 давлатдории худро аз даст додаем. Дар ҳама марҳилаҳо ҳарчанд миллати тоҷик масоҳати ҳудудии худро аз даст дода бошад ҳам, нангу номус ва ғурури ватандории худро аз даст надодаанд. Ҳамеша баҳри ҳифзу ҳимояи Ватани азизи худ гузаштагони мо ҷони худро нисор намудаанд. Бояд мисли ворисони бонангу ори худ амал намуда, баҳри ҳифзу ҳимояи давлатии миллии худ омода бошем. Аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, падару модарон масъул ва вазифадоранд, ки фарзандонро дар руҳияи ватандустӣ, арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихори худ, ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии тоҷикон тарбия намоянд, зеро ки ватандӯстӣ аз оила сарчашма мегирад.

Дар охир барои дарки баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми босазо гузоштан дар тадбиқи ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якқатор аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

Шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб