ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТӢ ВА БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХУРИҲО БО АЪЗОЁНИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТӢ ВА БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХУРИҲО БО АЪЗОЁНИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Каёниён” маҷлиси ҷамъбастии 3-моҳа баргузор карда шуд. Дар маҷлиси номбурда масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд.

1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи се моҳаи аввали соли 2023;

2. Расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;

3. Мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати “Модар- Ватан”;

4. Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ;

5. Созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем”;

6. Озмуни “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2023”;

7. Ҷойи кор дар НБО “Роғун”;

8. Шеъри Абдуллоҳи Раҳнамо;

 Нахуст раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Каёниён” Холмуродова Ҷамила ба сухан баромада, аз фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ маълумот дод. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилот дар ҳама чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маърифатии шаҳр фаъолона иштирок менамоянд.

Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти зерин сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайваста ҷонибдорӣ менамоянд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода ба сухан баромада, нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба саҳми ҳозирин хотиррасон намуданд. Ҳамзамон ба ҷавонон таъкид намуданд, ки дар ҳифзу ҳимояи сарзамини худ ҳамеша омода бошанд. Аз саҳифаҳои рангини таърих медонем, ки аҷдодони мо бо ғурури ҷавонмардона, нанги ватандӯстона ҳудуди васеи маъмуриро соҳиб буданд. Имрӯз ҳарчанд аз он сарзамин як ё се дарсад ба мо мерос монда бошад ҳам, дар ҳифзу ҳимояи он пайваста кӯшиш намоем. Он неру ва қудрате, ки дар ташкилотҳои террористиву тундгаро баҳри несту нобуд гардонидани инсоният сарф мегардад, дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ равона гардад, дар даҳсолаи охир метавонем, ки Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳем. Маҳз бо меҳнати содиқонаву софдилона ва заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ дар якҷоягӣ  метавонем, ки Ватани худро боз ҳам ободу зеботар намоем ва ба паст кардани сатҳи камбизоатии мардум ноил гардем.

Инчунин ба саҳми ҳозирин расониданд, ки тибқи роҳхати ҳизбӣ нафароне, ки ба ҷойи кор ниёз доранд, метавонанд, ки ба Неругоҳи барқии обии Роғун рафта кору фаъолият намоянд.