“РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ЯКЕ АЗ ТАШАББУСҲОИ ДОИМИИ ҲХДТ !

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

“РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ЯКЕ АЗ ТАШАББУСҲОИ ДОИМИИ ҲХДТ !

Тибқи дастуру супоришҳои болоии ҲХДТ рӯзи якшанбеи охири ҳар моҳ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ”, дар оромгоҳҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои ҳудуди вилояти Хатлон баргузор мегардад. Аксияи “Рӯзи ёдоварӣ” яке аз аксияҳое, ки дар қатори дигар корҳои хайру сахо боз як кори накуи сокинони деҳаву маҳал мебошад. Дар аксияи зикргардида, аз ҳар ҷамоат эмомхатибон, волонтёрон, аъзоёни фаъол ва ҷонибдорони ҲХДТ дар оромгоҳҳои ҳудуди ҷамоати худ иштирок варзида, қабристонро аз хасу хор ва растаниҳои бегона тозаю озода намуда, дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда шинонида, атрофи оромгоҳро бо симтур маҳкам намуда ва атрофи баъзе аз қабристонҳоро деворбандӣ менамоянд.

Барои боз ҳам дар сатҳи баланд ва пешрафти аксияи зикршуда бояд ҷавонони бекор ҷалб карда шуда, баҳри шод кардани руҳи гузаштагони худ корҳои хайру сахоро дар ин самт иҷро намоянд. Ҳамзамон, дар баробари дигар кормандон, волонтёрон, аъзоёни фаъол ва ҷонибдорони ҲХДТ саҳмгузор бошанд.

Ёд кардани арвоҳи гузаштагон, ин шод кардани руҳи онҳо мебошад ва дар ин боб бузургон низ фармудаанд:

Ҳар ки моро ёд кард, Эзид мар – уро ёд бод,

Ҳар ки моро шод кард, аз умр бархурдор бод.

Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳо аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и шаҳри Кӯлоб фаъолона дар амалиёти "Рӯзи Ёдоварӣ" иштирок намуданд.