БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №7- и ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №7- и ШАҲРИ КӮЛОБ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Кӯлоб дар асоси амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар соати сиёсӣ мавзуҳои зерин мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифтанд:

  1. Таҳлили вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон
  2. Хизмат ба Ватн-қарзи ҳама мардон аст
  3. Об-неъмати бебаҳо

Мақсади асосии баргузор намудани “Соати сиёсӣ” ин баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасони синни 16-18 сола, тарбияи онҳо дар руҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф мебошад