САҲМИ МАН ДАР ОБОДОНИИ ШАҲРИ АЗИЗАМОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

САҲМИ МАН ДАР ОБОДОНИИ ШАҲРИ АЗИЗАМОН

Инсон дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти олам маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунанд. Тавассути ақли бузургаш инсон муҳитро тозаву озода нигоҳ медорад.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар шаҳр аксияи тозагӣ таҳти унвони “Саҳми ман дар ободонии шаҳри азизамон” гузаронида шуд. Зимни баргузории шанбегӣ гирду атрофи ташкилоту муассисаҳо ва кучаву хиёбонҳои марказӣ тозаву озода карда шуданд.

Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мирапоқ” фаъолона дар ин аксия иштирок намуданд.