БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №31-И ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №31-И ШАҲРИ КӮЛОБ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб дар асоси амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соати сиёсӣ” баргузор гардид. Дар соати сиёсӣ мавзуҳои зерин мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифтанд: 1. Таҳлили вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон 2. Хизмат ба Ватн-қарзи ҳама мардон аст 3. Об-неъмати бебаҳо Мақсади асосии баргузор намудани “Соати сиёсӣ” ин баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасони синни 16-18 сола, тарбияи онҳо дар руҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф мебошад