ВОХУРӢ БО АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "БЕМОРХОНАИ СИЛ"

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ВОХУРӢ БО АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "БЕМОРХОНАИ СИЛ"

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи сил” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим Сайвалиевич вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст, раиси Кумита ба сухан баромада, зикр намуданд, ки боиси хушнудист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон рушди соҳаи тандурустӣ бо сиёсати оқилонаю хирадмандона, созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд буда, ба масъалаи бунёди муассисаҳои тандурустӣ ва таъминоти онҳо бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дода, чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Ҳамзамон баромадкунанда оиди нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, созандагиву бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем”, мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати “Ватан-Модар”, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ, пешгирии зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро баён намуданд.

Дар навбати худ котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи сил” Каримов Анваршо ибрози андеша карда, зикр намуд, ки маҳз дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат мебошад, ки ҳамасола дар ҳар як ҷашнҳои давлатӣ марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Дар охир барои дарки баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми босазо гузоштан дар тадбиқи ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якқатор аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.