АЁДАТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

АЁДАТ

Ғамхорӣ ба ниёзмандон яке аз вазифаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии роҳбарияти кишвар мебошад, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешавад. Амалҳои нек, шафқат ва хайрхоҳӣ, махсусан дар моҳи шарифи Рамазон арзишҳои суннатии фарҳанги бостонии халқу миллати тоҷик мебошад.

Дар ин радиф аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби“Калот”-и Ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб дар арафаи иди Саиди Фитр шахсони ниёзманд аёдат карда шуда ба онҳо кумакҳои молиявӣ расонида шуд.