МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН БАРРАСӢ КАРДА МЕШАВАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирии шахсони ятиму бепарастор ва оилаҳои ниёзманд аз фазилатҳои неки инсонист, ки дар арафаи ҷашну маросими милливу тақвимӣ дар кишварамон ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар пайравӣ аз ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳама иду ҷашнҳо ба оилаҳои табақаи эҳтиёҷманд кӯмакҳои гуногун мерасонад.

Ин навбат дар арафаи таҷлили Иди Саиди Фитр аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  ба муроҷиаткунанда, сокини шаҳри Кӯлоб кӯмаки молиявӣ  расонида шуд.