ИҚДОМИ НАВБАТИИ ХАЙРИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ИҚДОМИ НАВБАТИИ ХАЙРИЯВӢ

АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ

Дар арафаи Иди Саиди Фитр аз ҷониби аъзои ҲХДТ, соҳибкор бо иштироки муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Саймуминзода Фирӯз Саймумин, мутахассиси пешбари шуъбаи занони МИҲД-И шаҳри Кӯлоб ба оилаҳои камбизоат ва маъюбдоштаи шаҳри Кӯлоб кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

Зимни расонидани кӯмак, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб - Саймуминзода Фирӯз Саймумин зикр намуданд, ки ин ҳама дастгирию ғамхориҳо дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, пайваста аз ҷониби фаъолони ҳизбӣ ва шахсони саховатпеша нисбат ба нафарони эҳтиёҷманд ва маъюбу бепарастор ғамхорӣ зоҳир мегардад.

Дар фарҷоми аёдат аз ин иқдоми хайрхоҳонаи ҳизбиён волидайни нафарони кумакгирифта, сипосу миннатдории худро баён намуданд.