ДАР ПАЙРАВӢ АЗ АМАЛҲОИ НЕКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ДАР ПАЙРАВӢ АЗ АМАЛҲОИ НЕКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ амалҳои гуногуни хайриявӣ бомаром идома дорад.

Дар ин радиф аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ворисони Сино" Азиззода Зубайдулло ба донишҷуёни ятиму камбизоат ва кормандони техникии муассисаи таълимии давлатии коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб кӯмаки молиявӣ расонида шуд.