ҲАР КӢ МОРО ЁД КАРД, ЭЗИД МАР-ӮРО ЁД БОД...

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ҲАР КӢ МОРО ЁД КАРД, ЭЗИД МАР-ӮРО ЁД БОД...

Раҳму шафқат ва кӯмаку ғамхорӣ нисбати табақаҳои ниёзманди ҷомеа аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки риояву иҷрои онҳо қобили таҳсин ва аъмоли хайру савоб шуморида мешавад.

Табақаи ниёзманди ҷомеа зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, онҳо дар ҳар иду айём бо кӯмаку ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар ин радиф имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии дар шаҳри Кӯлоб Нуралӣ Ҳомидзода дар арафаи Иди саиди фитр ба Муассисаи давлатии "Хона-интнернати беморони рӯҳии ноҳияи Восеъ" кўмаки моддию молӣ расонида ба беморони муассисаи мазкур дастурхони идона ороста шуд.

Ёдовар мешавем, ки зимни аёдати беморон Салим Сайвализода- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва Нуралӣ Ҳомидзода -директори Фурудгоҳи байналмилалии дар шаҳри Кӯлоб аз шароити буду бош ва хизматрасонии тиббӣ дидан намуданд.

Қайд гардид, ки яке аз анъана ва суннатҳои неке, ки дар моҳи Рамазон анҷом дода мешавад, дароз кардани дасти хайру саховат ба ниёзмандон аст.