ЗАНОНИ МАЪЮБУ ЭҲТИЁҶМАНД ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР АЁДАТ КАРДА ШУДАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЗАНОНИ МАЪЮБУ ЭҲТИЁҶМАНД ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР АЁДАТ КАРДА ШУДАНД

Аз давраи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, баробарҳуқуқии занону мардон, ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда, дастгирии занон дар ҳалли мушкилоти оилавӣ-зери таваҷҷуҳи роҳбарияти Олии мамлакат қарор доранд. Дар заминаи сиёсати хирадмандонаву инсонмеҳварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Раиси Муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди ҷашнҳои милливу давлатӣ оилаҳои эҳтиёҷманд ба кӯмакҳои гуногуни хайриявӣ фаро гирифта мешаванд.

Боиси қайд аст, ки зери роҳбарии узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ин анъанот дар шаҳри Кӯлоб пайваста рӯйи кор гирифта мешавад.

Дар пайравӣ ба амалҳои неки Пешвои миллат мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-И шаҳри Кӯлоб Маҳмудзода Руё, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Нусратова Шаҳноза бо дастгирии яке аз соҳибкорони ватанӣ, аз ҳолу аҳволи занони маъюб, модароне ки фарзандони маъюб доранд бохабар гардида, ба онҳо кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ намуданд.

Маълум гардид, ки онҳо пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, кормандони бахши иҷтимоӣ мунтазам аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мегарданд.

Бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Тоҷикистони азиз миннатдории худро ба шахсони хайрхоҳ бо дуову фотиҳаи худ баён намуданд.

Воқеан ҳам барои ҳар як инсоне, ки дар вуҷудаш қалб таппиш дорад, чи қадар фараҳбахшу хурсандиовар аст, дидани хурсандӣ ва изҳори миннатдории гурӯҳҳои ниёзманди ҷомеа.